Хизматрасонии ФБД ба беш аз 1 млн. нафар мусофирон

Date:


Соли гузашта Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба беш аз 1 млн. нафар мусофирон хизматрасонӣ пешниҳод намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ФБД, ахири ҳафтаи гузашта дар ҷаласаи ҷамъбасти соли 2012-и ФБД зикр гардид, ки соли 2012 ба 696,804 нафар мусофири рафта (дар соли 2011 – 588,767 нафар, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 – ум  15,5% бештар) ва 604,648 мусофири омада (дар соли 2011 – 537,842 мусофир, яъне  нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 – ум 11,1% бештар)  хизмат расонида шуд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 1582 тонннаву 606 килоро ташкил додааст. Дар соли 2012 фурудгоҳи Душанбе бо 24 ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ фаъолият кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

Subscribe

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...