Таъсиси «Маркази таблиғот ва таҳлил»-и ҲХДТ

Аз оғози соли равон дар назди дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳалқии демократии Тоҷикистон «Маркази таблиғот ва таҳлил» таъсис дода шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ хабар дод, роҳандозии корҳои таблиғи афкору ғояҳои ҳизб миёни қишри васеи аҳолӣ ва таҳлили рӯйдоду далелҳо дар ҳаёти ҳамарӯзаи кишвар аз ҷумлаи […]

Аваз Юлдошев


Аз оғози соли равон дар назди дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби ҳалқии демократии Тоҷикистон «Маркази таблиғот ва таҳлил» таъсис дода шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ хабар дод, роҳандозии корҳои таблиғи афкору ғояҳои ҳизб миёни қишри васеи аҳолӣ ва таҳлили рӯйдоду далелҳо дар ҳаёти ҳамарӯзаи кишвар аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии марказ маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи манбаъ, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ Адҳам Мирсаидов, ки қаблан ба ҳайси мудири шуъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ифои вазифа мекард, роҳбари марказ таъин шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки ба кор дар маркази мазкур мутахассисони варзидаи бахшҳои сиёсату иқтисод ва рӯзноманигорон ҷалб карда мешаванд. «Ояндаи наздик марказ маросими муаррифии сомонаи нави ҲХДТ дар шабакаи ҷаҳонии Интернетро доир месозад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 195 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.