Баррасии лоиҳаи қонуни суғуртаи нафақавӣ дар Шӯрои парлумон

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, ду лоиҳаи қонуни мукаммал, аз ҷумла лоиҳаи Қонунҳо «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» баррасӣ гардиданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонунҳои мазкурро раисони кумитаҳои Маҷлиси […]

ASIA-Plus


Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, ду лоиҳаи қонуни мукаммал, аз ҷумла лоиҳаи Қонунҳо «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» баррасӣ гардиданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, лоиҳаи қонунҳои мазкурро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хайринисо Юсуфӣ ва оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов муаррифӣ намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, лоиҳаи Қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» асосҳои танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар мамалакат муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба танзим медарорад. Инчунин вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро муайян мекунад.

Тазаккур дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» бо мақсади ба танзим даровардани раванди баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишвар пешниҳод гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин лоиҳаи қонунҳои Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра низ баррасӣ шуданд.

Қисме аз масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки рӯзи панҷшанбе, 17-уми январ баргузор мегардад, пешниҳод ва қисми дигар барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.