Нимаи дуюми моҳи январи соли ҷорӣ қабули ҳуҷҷатҳои шахсони хоҳишманд ба адои маросими ҳаҷ дар соли 2103 оғоз гардида, ахири моҳи феврал ба итмом мерасад.
Бино ба маълумоти Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҶТ, ба хотири сипарӣ намудани мавсими ҳаҷ-2013 Кумита тасмим гирифтааст, ки қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагонро нисбат ба соли гузашта барвақттар ба роҳ монад то ин ки зоирин барои ҷо ба ҷо намудани ҳуҷҷатҳои худ ва саривақт супоридани онҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо фурсати бештаре дошта бошанд.
«Ҳуҷҷатҳои зоирин на дертар аз 10 –уми март бояд ба Кумита оид ба корҳои дин пешниҳод карда шаванд», – гуфтанд дар Кумита.
Ба иттилои манбаъ, Кумита барои интихоби роҳбаладон дар мавсими ҳаҷ – 2013 низ озмун эълон кард. «Талаботи озмун ба доваталабон аз донистани забони арабӣ, на камтар аз як бор ба зиёрати хонаи Худо рафтан, синнусол аз 25 то 55 сола ва донистани маносики ҳаҷ иборат буда, мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба озмун то 31-уми январи соли ҷорӣ муқаррар шудааст», – афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Вазорати умури ҳаҷи Арабистони Саъудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ 6 ҳазор адад квота ҷудо намуд. Арзиши умумии адои маросими ҳаҷи соли гузашта барои тоҷикистониён 3 ҳазору 546 доллари ИМА-ро ташкил дод.


