Посух ба маводи таҳлилии рӯзноманигор бо тахаллуси Д. Маҳмудов «Дорогие» депутаты…»

Date:

Маводи таҳлилии рӯзноманигор бо тахаллуси Далер Маҳмудовро, ки дар сайти «Азия плюс» аз 10.01.2013 с.

нашр шудааст

, омӯхта, зарур шуморидам, ки нисбат ба ҳолати воқеии буҷаи парламенти кишвар равшанӣ андозам. Пеш аз ҳама, иброз менамоям, ки буҷаи парламенти кишвар махфӣ намебошад, вале рақамҳо ва далелҳои таҳлилӣ бояд дақиқ бошанд, то ин ки мардумро ба иштибоҳ наандозем.

Бо камоли эҳтиром ба Шумо рӯзноманигор бо тахалуси Далер Маҳмудов маълум менамоям, ки вакилони МНМО Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ш. Душанбе хонаи истиқоматӣ надоштанд, аксарияти онҳо бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин карда шудаанд ва онҳо ҳармоҳа маблағҳои хонапулӣ, истифодаи барқ, об, гармӣ ва дигар хизматрасониҳои коммунналиро чун дигар шаҳрвандон аз ҳисоби маоши худашон мепардозанд. Дар вақти ба охир расидани фаъолияти вакилиашон ин хонаҳои хизматиро месупоранд. Ваҷҳҳои Шумо, ки гӯё вакилони Маҷлиси намояндагон бо хонаи истиқоматии ройгон ё бепул таъмин карда мешаванд, комилан дурӯғ аст.

Дар ҳақиқат қисмати зиёди вакилон бо автомашинаҳои хизматӣ, ки аксарашон кӯҳна мебошанд, таъмин ҳастанд ва ҳар рӯзи корӣ ба автомашинаҳо 5-10 литр бензин ҷудо карда мешавад. Барои фаъолият вакилон ҳар моҳе 15-20 фоизи маошашонро барои хариди бензин харҷ менамоянд.

Оиди таъмири бино, ки Шумо бисёр ба ташвиш мулоҳизаронӣ намудед, бояд қайд намоям, ки бинои МН соли 1948, яъне 65 сол пеш сохта шудааст ва алббата он таъмирталаб мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки бинои МН яке аз симоҳои давлатдории Тоҷикистон мебошад ва ба он намояндагони аксарияти давлатҳои дуру наздик ташриф меоранд.

Ман чун дигар вакилон дар ин бино фаъолият дорам ва ҳар соле бо назардошти имкониятҳои молиявӣ дар доираи қонунгузории буҷети давлатӣ дар он таъмири ҷорӣ гузаронида мешавад. Шумо хуб мешавад, ки як маротиба ба шароити кории мо аз наздик шинос мешудед, худ медидед, ки шароити кории мо аз дигар ташкилоту муассисаҳо қариб фарқе надорад. Оё Шумо медонед, ки кори қонунэҷодкуниро дар шароити имрӯза бе истифодаи интернету радио ва дигар ВАО тасаввур кардан мумкин аст ё не? Инро ба қазовати Шумо ҳавола мекунам. Оиди таъмини барқи доимӣ ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки бинои Маҷлиси намояндагон яке аз иншоотҳои муҳими давлатӣ мебошад ва инро худи Шумо нағз медонед.

Як бори дигар ба маълумоти Шумо мерасонам, ки барои истироҳат ва табобати вакилон ягон маблағ аз буҷети давлат ҷудо карда намешавад. Он маблағҳои ночизе барои истироҳат ва табобати вакилон ҷудо карда мешаванд, аз ҳисоби худи онҳо – маблағҳои аъзоҳақиашон дар иттифоқи касаба мебошад, ки он ҳам 25-30 фоизи арзиши ин хизматрасониро (путёвка)-ро ташкил медиҳад. Шахсан ман ва бисёр вакилонро медонам, ки дар тӯли фаъолияти вакилӣ дар давоми 12 соли сипаришуда як маротиба аз роҳхатҳои табобатию истироҳатӣ истифода бурдаему халос. Чунки имконияти молӣ даст намедиҳад. Вакилони Маҷлиси намояндагон чун дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз музди меҳнати кориашон андозҳои иҷтимоӣ ва андоз аз даромадро месупоранд, ки ҳар моҳ мутаносибан зиёда аз ҳазор сомониро ташкил медиҳанд. Вале дар вақти ба нафақа баромадан, андозаи нафақаи онҳо аз 400 сомонӣ зиёд буда наметавонад.

Дар маводи таҳияшуда оварда шудааст, ки гӯё барои ҳар як вакил барои сафарҳои хориҷӣ дар як сол 5000 сомонӣ барои як шабонарӯз харҷ мешуда бошад, ки он ба ҳақиқат рост набуда, дурӯғи маҳз аст. Ба ҳар як вакиле, ки ба сафари хизматӣ ба хориҷа меравад, барои як шабонарӯз (суточный) 72 доллари амрикоӣ дода мешавад, ки он 349 сомониро ташкил медиҳад. Чунин сафарҳо дар як сол ба ҳисоби миёна 1-2 маротиба баргузор мегардад. Қисмати дигари сафарҳои хориҷӣ аз ҷониби кишварҳо ё ташкилотҳои байналмилалии даъваткунанда маблағгузорӣ карда мешаванд. Дар дохили кишвар бошад, хароҷоти шабонарӯзӣ 65-70 сомониро ташкил дода, нисфи зиёди маводи сӯхт (бензин) аз ҳисоби худи вакил харидорӣ карда мешавад.

Шумо, мӯҳтарам Далер Маҳмудов, тамоми хароҷоти парламентро барои 63 вакил ба маблағи 210,0 ҳазор сомонӣ дар як сол мансуб донистаед, ки ин таҳлили беасоси иқтисодӣ ва бемантиқи Шумо мебошад. Бародари азиз, Маҷлиси намояндагон ин як институти ҷомеаи демократии дунявӣ мебошад, ки тамоми низоми қонунэҷодкунӣ ва таҳияву қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар мувофиқа ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба танзим медарорад. Барои фаъолияти вакил ба ғайр аз маош, як автомашинаи хизматӣ дар рӯзҳои корӣ 8 соат бо харҷи 5-10 литр бензин, як утоқи корӣ, як компютер, интернет ва барои 7-8 вакил дар як кумита 2 мутахассис чизи дигаре нест.

Бо ҳамин шароит дар замони соҳибистиқлолӣ вакилон бештар аз ҳазор қонуну созишномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таҳия ва қабул намудаанд, ки дар асоси онҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ба расмият шинохт ва муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро ба роҳ монда истодаанд.

Шумо хуб огоҳӣ доред, ки маҳз парламенти кишвар, вакилони Маҷлиси намояндагон буданд, ки пайваста бо дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон мамлакатро аз парокандагӣ дар давраҳои аввалӣ соҳибистиқлолӣ эмин дошта, якҷоя бо азму талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якпорчагии Тоҷикистони азизро таъмин намуд. Дар натиҷаи меҳнату заҳматҳои вакилони мардумӣ имрӯз мо дар ҷомеаи демокративу дунявӣ зиндагӣ дорем. Фаъолияти озоди ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, таъмини волоияти қонунҳо, раванди иқтисодиёт, эътирофи гуногуншакли моликият, шаклҳои нави хоҷагидорӣ дар ҳамаи самтҳо ва ғайраҳо аз фаъолияти пурсамари Маҷлиси намояндагон дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ дарак медиҳад. Ҳамаи инро нодида гирифтан, бубахшед, камоли бехирадӣ мебошад.

Дар ин мавзӯъ гуфтаниҳои зиёде дорем ва онро ба вақти дигар шояд гузорем. Лекин ҳаминро ба Шумо тавсия медиҳам, ки биёед бо ҳамдигар барои мақсадҳои бунёдкорӣ, сарҷамъии миллат, устуворгардонии давлатамон, рушди соҳаҳои мухталифи кишвар саъю кӯшиш намоем. Таклифу дархостҳои мушаххасро барои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯи ҷаҳони муосир пешниҳод намоед ва мо дар ҳар ҳолат онҳоро дар фаъолияти вакилиамон бо истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ дар доираи имкониятҳоямон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳем дод.

Ҳар пешниҳоду таклифе, ки аз ҷониби Шумо намояндагони ВАО ва умуман тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азиз, ки дар интихоби мо вакилон саҳм доред, бо камоли эҳтиром мо қабул дорем ва онро ҳамарӯза дар фаъолияти худ истифода менамоем. Чунки манбаи қонунэҷодкунии мо вакилон – Шумо интихобкунандагони ҷомеаи Тоҷикистон мебошед.

Умуман, парламент барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол мақоми олии қонунгузорӣ – мақоми муққадас мебошад, ки тақдири миллату давлат ба он вобастагии зич дорад.

Хуб мешуд, ки мо аъзои ҷомеаи имрӯза бо ҳамдигар боэҳтиром бошем, мулоҳизарониҳоро дар сатҳи баланди маърифати гуногунандешӣ ба роҳ монем, эродҳоро беғаразона, асоснок ва нишонрас баён намоем, то ин ки камбудиҳои ҷойдошта саривақт ислоҳ карда шаванд.

Шумо ёдрас кардаед, ки ман ба вакилӣ меравам, кӣ манро меомӯзонад? (В

депутаты я б пошел. Кто меня научит?)

Дар охир, агар ҳаваси вакил шудан доред, марҳамат биёед, ман Шуморо меомӯзонам.


Ба камоли эҳтиром, Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбаков И.И. Тел: 221-14-54.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related