Машваратҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон

Date:


Чанде қабл дар доираи мувофиқаҳои байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон машваратҳои байниидоравӣ дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ баргузор гардид

.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар машваратҳо Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров ва ҳайати Қирғизистонро Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Бешимов роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар фазои дӯстӣ, эҳтироми якдигар ва ҳусни тафоҳум мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масоили муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар намуданд, инчунин омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон иброз доштанд.

Дар доираи машваратҳо бақайдгирии ҳуҷҷатҳои дуҷониба, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ имзо шудаанд, гузаронида шуд.

Зимни сӯҳбатҳо зарурати барқарор намудани алоқаҳои боз ҳам наздиктар дар масъалаҳои обу энергетикӣ, татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ дар соҳаҳои нақлиёт, коммуникатсия, савдо, аз ҷумла, тиҷорати наздисарҳадӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳими мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо зикр гардид.

Иштирокчиёни машваратҳо муҳим будани фаъолияти Комиссияи муштараки байни Ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин Комиссия оид ба делимитатсия ва демаркатсияи марзҳои давлатии байни ду кишварро қайд намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба гузаронидани машваратҳои доимӣ роҷеъ ба масоили дуҷониба ва бисёрҷониба мувофиқа ҳосил карданд.

Ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории баробарҳуқуқи минбаъда дар соҳаҳои гуногуни шарикии дуҷониба иброз доштанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related