Ояндаи наздик ШСХК «Барқи тоҷик» тарофаҳои истифода аз барқро боло бурданӣ нест.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, гуфтугӯҳо оид ба ин масъала овозае беш нестанд. «Ояндаи наздик болоравии қимати барқ дар назар нест», – гуфтанд дар ширкат.
Дар ҳамин ҳол, ба тасдиқи баъзе истеъмолгарони нерӯи барқ, чанде аз нозирони ширкати «Барқи тоҷик» ба онҳо тибқи тарофаҳои нав пардохтварақа (квитансия) тартиб дода, изҳор намудаанд, ки аз 1-уми январи соли 2013 тарофаҳои истифодаи 1 кВт/соат барқ ба аҳолӣ аз 11 дирами соли гузашта то ба 15 дирам афзудаанд.
Дар хадамоти матбуоти ширкат дар ин робита изҳор карданд, ки ахири соли гузашта бо мақсади пурра ҷамъоварӣ намудани маблағи истифодаи барқ чанде аз нозирон ба истеъмолгарон бардурӯғ чунин маълумот додаанд, ки он ҳам танҳо баҳри пардохти маблағ аз ҷониби истеъмолгарон сурат гирифтааст.
Ёдрас мекунем, ки ахиран моҳи апрели соли гузашта тарофаҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ бо назардошти андоз аз арзиши изофа аз 9 дирам то ба 11 дирам барои 1 кВт/соат афзуда шуданд.


