Аввали даҳаи дуюми моҳи январ дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе низоми ҷадиди худкор (автоматӣ)-и бақайдгирии мусофирон ба фаъолият оғоз кард, ки алҳол бо реҷаи озмоишӣ кор мекунад.
Ба гуфтаи директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» Рустам Холиқов, дар фурудгоҳ 8 қабулгоҳи бақайдгирии мусофирон ташкил шудаанд, ки бо компютеру дигар дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дар як соат ба 600 нафар мусофирон хизматгузорӣ карда метавонанд.
Ба қавли вай, арзиши умумии таҷҳизоти низоми нави бақайдгирӣ 1,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, он аз Голландия харида шудааст. «Барои кор бо он мутахассисон омода гардида, айни замон боз омӯзиши 40 нафар кормандони хадамоти гумрук бо тарзи кор бо таҷҳизоти мазкур дар назар аст», – гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Холиқов зикр кард, ки сол то сол шумори ҳамлу нақли мусофирон тавассути фурудгоҳ рӯ ба афзоиш аст. «Соли гузашта Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) ба беш аз 1 млн. нафар мусофирон хизматрасонӣ пешниҳод намуд, ки 696,804 нафар мусофири рафта (дар соли 2011 – 588,767 нафар, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 – ум 15,5% бештар) ва 604,648 мусофири омада (дар соли 2011 – 537,842 мусофир, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 – ум 11,1% бештар) мебошанд», – афзуд номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор аз ҷониби анбори тиҷоратии фурудгоҳ 1582 тонннаву 606 килоро ташкил додааст. Дар соли 2012 фурудгоҳи Душанбе бо 24 ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ фаъолият кардааст.





