Воридоти ҳаҷми рекордии гандуму орд дар соли гузашта

Соли гузашта ба Тоҷикистон ҳаҷми рекордии гандуму орд ворид гардид. Бино ба иттилои вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода, соли 2012 ба Тоҷикистон 747,1 ҳазор тонна гандуму орд ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 308,3 ҳазор тонна зиёдтар аст. «Сардиҳои соли гузашта аз нисф зиёди ҳосили гандуми тирмоҳиро нобуд […]

Заррина Эргашева


Соли гузашта ба Тоҷикистон ҳаҷми рекордии гандуму орд ворид гардид.

Бино ба иттилои вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода, соли 2012 ба Тоҷикистон 747,1 ҳазор тонна гандуму орд ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 308,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

«Сардиҳои соли гузашта аз нисф зиёди ҳосили гандуми тирмоҳиро нобуд сохта, камбуди он аз ҳисоби воридот рӯйпӯш карда шуд», – гуфт вай.

Қобили зикр аст, ки тайи 5 соли охир бори нахуст ба Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор тонна гандуму орд ворид гардид. Беш аз 90%-и воридоти ин маҳсулот аз Қазоқистон сурат гирифта, ҳисса боқимонда ба Русия рост меояд.

Иқтисодчиёни вазорати мазкур дар соли 2013 ба Тоҷикистон ворид кардани 461 ҳазор тонна гандум ва 390 ҳазор тонна ордро пешгӯӣ карда, ҳамчунин каму зиёд шудани онро низ аз эҳтимол дур намедонанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар аст.

Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ карда шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.