Вазири умури дохилии ҷумҳурӣ дар аксари мавориди сар задани сӯхтор дар бозорҳо соҳибкоронро гунаҳкор медонад

Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки тайи чанд соли ахир дар бузургтарини бозори шаҳри Душанбе – «Корвон» 9 ҳодисаи сӯхтор рух додааст. Ба қавли ӯ, дар аксари мавориди сар задани сӯхтор дар бозорҳо соҳибкорон гунаҳкоранд, зеро аз дастгоҳу таҷхизоти барқӣ дуруст истифода […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки тайи чанд соли ахир дар бузургтарини бозори шаҳри Душанбе – «Корвон» 9 ҳодисаи сӯхтор рух додааст.




Ба қавли ӯ, дар аксари мавориди сар задани сӯхтор дар бозорҳо соҳибкорон гунаҳкоранд, зеро аз дастгоҳу таҷхизоти барқӣ дуруст истифода намебаранд ва риояи қоидаҳои зиддисӯхторро нодида мегиранд.



«Дар ҳамин ҳол, риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор фарзияи асосии сар задани сӯхтори ахирӣ дар бозори «Корвон» дониста мешавад ва феълан дар он ҷо гурӯҳи фаврии тафтишотӣ оид ба муайян кардани иллати аслии сар задани сӯхтор корҳои тафтишотӣ мебарад», – гуфт ӯ.



Қобили зикр аст, ки имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати хадамоти давлатии сӯхторнишонии Тоҷикистон Маҳмадсаид Каримов хабар дод, ки айни замон дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт се гурӯҳи тафтишотӣ ҷиҳати мушаххас кардани сабаби аслии сар задани сӯхтор корҳои фавриву тафтишотӣ мегузаронанд. Ба гуфтаи М.Каримов, аз оғози соли равон дар Тоҷикистон 841 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 25 нафар ҳалок гардида, маблағи хисороти моддӣ ба беш аз 2 млн. 808 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова