Ба робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Словакия 20 сол пур мешавад

Имрӯз аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Словакия 20 сол пур мешавад ва аз давраи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Словакия дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории мутақобилан судманд рушду равнақ меёбанд. Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Словакия тамоюл […]

ASIA-Plus


Имрӯз аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Словакия 20 сол пур мешавад ва аз давраи барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Словакия дар асоси эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкории мутақобилан судманд рушду равнақ меёбанд.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Словакия тамоюл ба густариш доранд. Дар муносибатҳо фазои ҳусни тафоҳум, наздикии мавқеъҳо роҷеъ ба масоили муҳими алоҳидаи байналмилаӣ ва минтақавӣ вуҷуд дорад.

 Дар ин 20 соли сипаригашта Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия дар самти ривоҷу таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба натиҷаҳои назаррас расидаанд.

 Яке аз соҳаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба рушд ва густариши заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия 2 созишномаи дуҷониба – Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба кӯмаки инвеститсионӣ ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба савдо робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника ба имзо расидаанд. Айни замон боз як санад – Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия оид ба ҳавасмангардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

 Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Словакия дар ҳоли ташаккул қарор дошта, имкониятҳои ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ пурра истифода нашудаанд.

 Солҳои охир табодули мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия тамоюл ба зиёдшавӣ дорад.

 Муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм низ дар ҳолати рушд қарор доранд. Ҳар сол тавассути Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Словакия барои номзадони илм барои таҳсил дар магистратура дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Донишгоҳи Братислава бурсияҳо пешниҳод карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.