Тасмими таъсиси гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Фаронса

Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар бораи таъсиси гурӯҳи дӯстӣ миёни палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Фаронса қарор қабул шуд. Грӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистонро раиси Кумита оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонони парлумон Марҳабо Ҷабборова сарварӣ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии […]


Дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумон таҳти раёсати раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров дар бораи таъсиси гурӯҳи дӯстӣ миёни палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Фаронса қарор қабул шуд. Грӯҳи дӯстии парлумони Тоҷикистонро раиси Кумита оид ба илм, маориф ва сиёсати ҷавонони парлумон Марҳабо Ҷабборова сарварӣ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи кооперативҳо» мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуров барои таҳияву такмили дубора ба Кумитаи парлумон оид ба масоили аграрӣ ва экология фиристода шуд.

Ба қавли Султонов, дар ҷаласаи Шӯро масоили ворид намудани тасҳеҳот ба қонунҳои кишвар «Дар бораи маҳдуд сохтани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои ҷудогнаи фаъолият» низ баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки аксари масоили баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки нимаи ҳафтаи оянда баргузор мегардад, ворид карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.