Хуҷанд: Соҳибкорону намояндагони ҳукумат ҳамдигарро нафаҳмиданд

Пас аз вохӯрӣ бо намояндагони ҳукумати шаҳри Чкаловск соҳибкорони эътирозгари бозори «Сомон» на он қадр қаноатманд берун шуданд. Дар вохӯрие, ки дар бинои ҳукумати шаҳри Чкаловск муддати 3 соат тӯл кашид, муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Чкаловск, сардори нозироти андози шаҳри Чкаловск, роҳбари Кумитаи кор бо занони вилоят ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат […]

Шероз Шарифов


Пас аз вохӯрӣ бо намояндагони ҳукумати шаҳри Чкаловск соҳибкорони эътирозгари бозори «Сомон» на он қадр қаноатманд берун шуданд.

Дар вохӯрие, ки дар бинои ҳукумати шаҳри Чкаловск муддати 3 соат тӯл кашид, муовини раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Чкаловск, сардори нозироти андози шаҳри Чкаловск, роҳбари Кумитаи кор бо занони вилоят ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзиданд. Журналистонро ба вохӯрӣ роҳ надоданд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз соҳибкорони бозор изҳор намуд, ки аз натиҷаҳои вохӯрӣ қаноатманд нест, зеро масъала якҷониба баррасӣ шуда, меъёри моҳонаи андози муқарраршуда на 253 сомонӣ чун пештара, балки 363 сомонӣ боқӣ монд.

Соҳибкори дигар илова намуд, ки шароити номусоиди зиндагӣ савдогаронро ба гирдиҳамоӣ маҷбур кард, зеро ҳангоми боло бурдани меъёри андоз имконоти мардум ба инобат гирифта нашуданд.

Аммо муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Норинов бар ин назар аст, ки норозигии соҳибкорон аслан ба аз хубӣ огоҳ набудани соҳибкорон аз меъёрҳои нави андоз ба вуҷуд омадааст.

Сардори идораи нозироти андози шаҳри Чкаловск Неъматулло Боронов изҳор дошт, ки ба ҳозирин бори дигар муқаррароти Кодекси нави андоз шарҳ дода шуда, онҳо ба иҷрои талаботи он розӣ шуданд, зеро қонун барои ҳама як хел аст.

Ёдрас мекунем, ки 4-уми феврали соли равон дар робита ба болоравии меъёри пардохти моҳонаи андоз ҳудуди 800 нафар соҳибкорони бозори «Сомон», воқеъ дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Ғафуров даст ба тазоҳурот заданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер