Розигии ИМА ба муваққатан аз «рӯйхати сиёҳ» хориҷ кардани ширкати Kam Air

Пас аз ваъдаи Кобули расмӣ оид ба тафтиши ҳодисаи айбдоркунии ширкати ҳавопаймоии хусусии афғонии Kam Air аз ҷониби амрикоиён бобати даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон, ИМА ба муваққатан аз «рӯйхати сиёҳ» хориҷ кардани ин ширкат розӣ шудааст. «Ҳукумати Афғонистон ба баргузор намудани тафтишоти дақиқ ва дар сурати зарурат андешидани чораҳои дахлдор оид […]

ASIA-Plus


Пас аз ваъдаи Кобули расмӣ оид ба тафтиши ҳодисаи айбдоркунии ширкати ҳавопаймоии хусусии афғонии Kam Air аз ҷониби амрикоиён бобати даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон, ИМА ба муваққатан аз «рӯйхати сиёҳ» хориҷ кардани ин ширкат розӣ шудааст.

«Ҳукумати Афғонистон ба баргузор намудани тафтишоти дақиқ ва дар сурати зарурат андешидани чораҳои дахлдор оид ба  қазияи мазкур розӣ шуда, мо ба пешниҳоди маълумоти зарурӣ ҷиҳати дастгирии тафтишот омодаем», – гуфта мешавад дар изҳороти Нерӯҳои байнулмилалии мусоидат ба амният дар Афғонистон (ISAF).

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январ ҳарбиёни амрикоӣ ширкати калонтарини ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон «Kam air»-ро ба «рӯйхати сиёҳ»-и худ дароварда, дар интиқоли маводи нашъаовар муттаҳам хонданд ва таъкид намуданд, ки гуё тариқи ҳавопайоҳои ширкати мазкур маводи нашъаовар ба Тоҷикистон ворид шуда, пасон ба дигар минтақаҳо интиқол дода мешудааст.

Роҳбарияти ширкати ҳавопаймоӣ ин айбҳоро рад намуда, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар аз ИМА пешниҳоди далелҳоро тақозо намуд.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ва Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе дар ин робита расман изҳор намуданд, ки  тӯли солҳои ҳамкорӣ ягон маротиба ҳолати

ошкор гардидан ва ё боздошти нафаре

бо ҷурми интиқоли маводи нашъавоар дар фурудгоҳи Душанбе рух надодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.