Пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» ба марҳилаи ниҳоӣ расид

Корҳои пармакунӣ дар чоҳи ҷустуҷӯии «Шаҳринав-1п»-и майдони нафтугаздори Сариқамиш ба марҳилаи ниҳоӣ расиданд. Бино ба маълумоти ширкати Gazprom International, дар ҷараёни корҳои пармакунии чоҳ дар чуқурии 5 ҳазору 563 метр корҳои насбу мустаҳкамсозии сутуни истифодабарӣ ба итмом расида, тамоми амалиёти технологӣ бидуни камбуду норасоӣ ва ҳолатҳои ғайримунтазира анҷом дода шудааст. Ҳамин тариқ, аз чуқурии нақшавии […]

Заррина Эргашева


Корҳои пармакунӣ дар чоҳи ҷустуҷӯии «Шаҳринав-1п»-и майдони нафтугаздори Сариқамиш ба марҳилаи ниҳоӣ расиданд.

Бино ба маълумоти ширкати Gazprom International, дар ҷараёни корҳои пармакунии чоҳ дар чуқурии 5 ҳазору 563 метр корҳои насбу мустаҳкамсозии сутуни истифодабарӣ ба итмом расида, тамоми амалиёти технологӣ бидуни камбуду норасоӣ ва ҳолатҳои ғайримунтазира анҷом дода шудааст. Ҳамин тариқ, аз чуқурии нақшавии 6,3 ҳазор метр дар чоҳи «Шаҳринав-1п» 5 ҳазору 563 метр чуқурӣ парма шуда, иҷрои корҳо дар он зиёда аз 90%-ро ташкил медиҳад.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Ёдрас мекунем, ки ширкати русиягии Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз карда, анҷоми корҳо ахири соли 2012 тарҳрезӣ шуда буд, вале бинобар сабаби пайдо гардидани баъзе мушкилот дар ҷараёни кор вақти бештаре лозим шуд.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Чуқурии лоиҳавии чоҳи «Шаҳринав-1п» 6 300 метрро ташкил медиҳад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ чуқуртарин чоҳи пармакунанда маҳсуб меёбад.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.