Сокини Конибодом барои қатли бераҳмонаи бародараш ба 15 соли зиндон маҳкум карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноии сокини 30-солаи ноҳияи Конибодом Фирдавс Сулаймонов ба итмом расида, ӯ ба муддати 15 сол равонаи зиндон шуд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта кормандони фаврии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар қаламрави
ахлотпартои шаҳри Конибодом
ҷасади мардеро бо аломатҳои марги маҷбуриву дастони баста дарёфт намуда буданд. Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят бародари шахси ҳалокшуда – Фирдавс Сулаймонови 30-сола боздошт шуда буд.
Зимни тафтишоти пешакӣ ҷараёни содир намудани ҷинят ошкор гардид, яъне нимаи аввали шаби 30-юми октябри соли равон Ф.Сулаймонов бародарашро, ки дар ҳолати вазнини мастӣ аз машрубот қарор дошт, бо дастони баста ба ахлотпарто оварда, ӯро ба чуқурии 1 метра мепартояд ва сипас зинда ба зинда ӯро дар чуқурӣ бо хок гӯр мекунад. Пас аз ду ҳафта сагони дайду ҷасадро аз гӯр кашида бароварда буданд.


