ҲНИТ ба қабули тағйирот ба қонуни интихобот исрор меварзад

Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайни изҳор кард, ки намояндагони ҳизб дар парлумон баҳри қабули тағийрот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот» дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳанд кард. «Шояд шаклу ва шумори ислоҳи аз ҷониби мо пешниҳодшуда каме тағйир ёбанд, вале […]

Аваз Юлдошев


Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайни изҳор кард, ки намояндагони ҳизб дар парлумон баҳри қабули тағийрот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот» дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳанд кард.

«Шояд шаклу ва шумори ислоҳи аз ҷониби мо пешниҳодшуда каме тағйир ёбанд, вале мо аз тамоми имконотамон истифода мекунем, то ки онҳо қабул шаванд, зеро мо ба хубӣ мефаҳмем, ки ин тақозои замон аст», – гуфт вай.

Вакили парлумон аз ҲНИТ дар ин робита таъкид дошт, ки аз ҷараёни баррасии тағийроти пешниҳодшуда дар кумитаву комиссияҳои соҳавӣ дар парлумон қаноатманд нест, зеро «агар сухан сари дигар масоил, аз қабили афзоиши тарофаҳои нархи истифодаи барқ ё пардохти маблағ барои роҳ равад, намояндагони ҲХДТ аз меъёрҳои ҷаҳонӣ сухан мегӯянд, вале чун сухан сари демократикунони ҷомеа бошад, аз муддати зиёд лозим будан барои он ва ба инобат гирифтани менталитети мардуми мо ҳарф мезананд».

Дар идома Ҳусайнӣ зикр кард, ки дар ҷараёни баррасии тағйироти мазкур вакили парлумон аз ҲХДТ Давлаталӣ Давлатзода зикр кардааст, ки бо супориши президент тамоми санадҳои қонунгузорӣ, ки дар мувофиқа бо Комиссияи оштии миллӣ қабул шудаанд, набояд тағийр ёбанд.

«Он замон ман ба ӯ посух дода будам, ки пас чаро ҳукумати Тоҷикистон пас аз расидан ба сулҳ якҷониба бидуни мувофиқа бо собиқ Комиссияи оштии миллӣ тағийрот ба Конститутсияро ба раъйдиҳии умумихалқӣ гузошт», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров санаи 21-уми январи соли равон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон»

рад карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов эҳтимоли аз ҷониби коммунистон дастгирӣ шудани ин лоиҳаро изҳор карда буд.    

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.