Миннатдории сафорати ҶТ аз директори Театри опера ва балети Қирғизистон

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба унвони Тимур Салматов, директори Театри миллии академии опера ва балети ба номи Абдилас Салдибоеви Қирғизистон барои мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории консерти ботантанаи устодони ҳунари Тоҷикистону Қирғизистон бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо мактуби миннатдорӣ ирсол кард. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек, консерт бо толори […]

ASIA-Plus


Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон ба унвони Тимур Салматов, директори Театри миллии академии опера ва балети ба номи Абдилас Салдибоеви Қирғизистон барои мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати баргузории консерти ботантанаи устодони ҳунари Тоҷикистону Қирғизистон бахшида ба 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо мактуби миннатдорӣ ирсол кард.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Бишкек, консерт бо толори пур аз тамошобинон ва бо иштироки роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, аҳли ҷомеа ва намояндагиҳои дипломатии муқими Қирғизистон хотирмон баргузор гардид.

Гуфта мешавад, дар консерт устодони санъати Тоҷикистону Қирғизистон ҳунарнамоӣ карда, ҳамчунин дар толори театр ба ҳозирин намоишгоҳи аксҳои Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Заур Дахте таҳти унвони «Тоҷикистони муосир» пешкаш гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.