Шикояти кассатсионии ҳимоятгари раиси ҲНИТ ба суди Душанбе

Date:


Имрӯз Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз болои ҳалномаи суди ноҳияи Синои пойтахт ба суди шаҳри Душанбе шикоят бурд. Суд қарор карда буд, ки сиёсатмадор бояд расман тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдорӣ узр пурсида, даъвои муқобили даъвои ҳимоятгари Муҳидин Кабирӣ нисбати мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомонӣ рад карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, нусхаи ҳалномаи суд имрӯз ба ӯ дастрас гардида, дарҳол ба зинаи болоии судӣ – суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ омода намудааст.

Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки мурофиаи судӣ миёни мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Муҳиддин Кабирӣ баҳри баҳо додан ба то кадом андоза мустақил будани мақомоти судӣ имкон медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29-уми январ суди ноҳияи Синои пойтхт

қарор кард

, ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бояд тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдории пойтахт узр бипурсад.

Ҳамчунин даҳаи дуюми моҳи январи соли равон намояндагони ҳимояи пешвои ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошта буданд, ки ҳудуди

сад нафар сокинони пойтахтр

о, ки аз буридани дарахтон дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ мекунанд, ба сифати шоҳидон ба мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ даъват карданианд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...