КДАМ: Мусодираи беш аз 75 кило маводи мухаддир

Date:


Дар қаламрави ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва ноҳияи Шуғнони ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аз се ҳодисаи қочоқи маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ, дар натиҷаи анҷом додани амалиётҳои махсус беш аз 75 кило маводи нашъаовар мусодира шудааст.

«Зимни задухӯрди мусаллаҳона дар ҳудуди минтақаи сарҳадии «Кокул»-и ноҳияи Фархор қочоқчиён – сокинони вилояти Тахори Афғонистон Хайрулло валади Тухтар ва Сайфулло валади Муллоназар кушта шуда, аз ҷойи ҳодиса 2 килову 600 грамм маводи мухаддири навъи героин, 8 килограмм афюн, 1 адад таппончаи тамғаи «Макаров» бо 1 тирдону 8 дона тир ва 1 адад телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира гардид», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми баргузор намудани амалиёти дигар дар ҳудуди минтақаи марзии ноҳияи Фархор бо Афғонистон аз қочоқбарон 11 кило ҳашиш ва 13 кило афюн дарёфт ва мусодира шудааст.

«Дар ҷараёни амалиёти муштараки кормандони Раёсати КДАМ дар ВМКБ, хизматчиёни ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони Раёсати корҳои дохилии ВМКБ дар ҳудуди деҳаи Виружаки ноҳияи Шуғнон аз қочоқбарони афғон беш аз 41 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид», – афзуд сарчашмаи хабар.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...