Ҳамрохон Зарифӣ ба Париж рафт

Date:


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар маросими муаррифии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013″, ки имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО барпо мегардад, бо сафари корӣ озими Париж шуд.

Бино ба иттлои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар ба Париж Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ифтитоҳи чорабинӣ суханронӣ намуда, мулокотҳои дуҷониба, аз ҷумла, бо Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова баргузор хоҳад кард.

Бояд зикр кард, ки 21 декабри соли 2012 Маҷмаи умумии СММ қатнома дар бораи «Баргузор намудани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об -2013», ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Мутобиқи қатномаи мазкур 22 марти 2013 дар Ню-Йорк Муколамаи интерактивии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013», ҳамчунин моҳи августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба нақша гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related