Ҳамрохон Зарифӣ ба Париж рафт

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар маросими муаррифии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013″, ки имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО барпо мегардад, бо сафари корӣ озими Париж шуд. Бино ба иттлои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар ба Париж Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ифтитоҳи чорабинӣ суханронӣ намуда, мулокотҳои дуҷониба, […]

ASIA-Plus


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар маросими муаррифии «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об – 2013″, ки имрӯз дар қароргоҳи ЮНЕСКО барпо мегардад, бо сафари корӣ озими Париж шуд.

Бино ба иттлои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар доираи сафар ба Париж Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ифтитоҳи чорабинӣ суханронӣ намуда, мулокотҳои дуҷониба, аз ҷумла, бо Мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова баргузор хоҳад кард.

Бояд зикр кард, ки 21 декабри соли 2012 Маҷмаи умумии СММ қатнома дар бораи «Баргузор намудани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об -2013», ки аз ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул намуд. Мутобиқи қатномаи мазкур 22 марти 2013 дар Ню-Йорк Муколамаи интерактивии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ бахшида ба «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об-2013», ҳамчунин моҳи августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.