Тамрини воҳидҳои махсуси мақомоти қудратӣ ва интизомӣ

Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар машқгоҳи минтақаи Фахрободи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ машқҳои ситодӣ-тактикии воҳидҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар доир гардид. Дар машқҳои мазкур мутахассисони техникӣ ва мерганҳову нишонзанҳои варзида ҳунару маҳорати баланди ҷангии худро нишон дода, аз нақлиётҳои муосири зиреҳпӯши ҷангӣ, яроқҳои вазнини истифодаи дастии гулӯлаандоз, пулемёту яроқҳои нишонзани […]

ASIA-Plus


Бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар машқгоҳи минтақаи Фахрободи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ машқҳои ситодӣ-тактикии воҳидҳои махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар доир гардид.

Дар машқҳои мазкур мутахассисони техникӣ ва мерганҳову нишонзанҳои варзида ҳунару маҳорати баланди ҷангии худро нишон дода, аз нақлиётҳои муосири зиреҳпӯши ҷангӣ, яроқҳои вазнини истифодаи дастии гулӯлаандоз, пулемёту яроқҳои нишонзани «СВД» ва дигар яроқҳои оташфишон ба нишонаҳои махсус, аз тарзҳои гуногуни ҷангӣ, ҳангоми ҳаракат, дар ҷойи таваққуф ва дар дигар ҳолатҳои хоси минтақаи кӯҳӣ оташ кушода, душманони шартиро безарар гардонида, нишонаҳоро зери ҳадафи тир қарор доданд.

Дар тамринхо ба як қатор кормандони чавон тарзи дурусту саҳеҳи истифода ва оташкушоӣ омӯзонида шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар медиҳад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.