Сафари сардори Ситоди кулли ҚМ Русия мавқуф гузошта шуд

Сафари имрӯз пешбинишудаи як ҳайати низомии Русия таҳти сарварии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов ба Тоҷикистон ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафари В.Герасимов ба Тоҷикистон шояд аввали моҳи март сурат гирад. «Сабаби мавқуф гузоштани сафари мансабдори воломақоми низомии Русия ба […]

Аваз Юлдошев


Сафари имрӯз пешбинишудаи як ҳайати низомии Русия таҳти сарварии сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерал-полковник Валерий Герасимов ба Тоҷикистон ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, сафари В.Герасимов ба Тоҷикистон шояд аввали моҳи март сурат гирад.

«Сабаби мавқуф гузоштани сафари мансабдори воломақоми низомии Русия ба Тоҷикистон вобаста нест ва мо гуфта наметавонем, ки бо кадом сабаб нақшаҳои ҷониби Русия тағйир ёфтаанд», – гуфтанд дар Вазорати мудофиа.

Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли 2012 бо пешниҳоди Сергей Шойгу, вазири нави мудофиаи Русия Валерий Герасимов сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия, муовини аввали вазири мудофиаи Русия таъин гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.