Моҳҳои наздик дар Тоҷикистон нархи орд тағийр намеёбад

Моҳҳои наздик нархи гандум ва орди гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ва ҳамчунин биринҷу орд аз Покистон ба Тоҷикистон ба таври назаррас тағйир намеёбанд. Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки моҳҳои наздик нархи ин маҳсулот дар чунин сатҳи баланд боқӣ ё моҳҳои февралу март бо эътидол боло мераванд. «Мувофиқи созишномаи нави […]

Пайрав Чоршанбиев


Моҳҳои наздик нархи гандум ва орди гандуми воридотӣ аз Қазоқистон ва ҳамчунин биринҷу орд аз Покистон ба Тоҷикистон ба таври назаррас тағйир намеёбанд.

Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки моҳҳои наздик нархи ин маҳсулот дар чунин сатҳи баланд боқӣ ё моҳҳои февралу март бо эътидол боло мераванд. «Мувофиқи созишномаи нави баимзорасида бо Русия шояд нархи сӯзишворӣ поин равад, ки ин омил низ метавонад ба нархи маҳсулоти зикршуда таъсиргузор бошад», – зикр мегардад дар гузориш.

Дар ин гузориш таъкид мегардад, ки моҳи декабри соли гузашта бинобар сабаби хароҷоти нақлиёти интиқол аз Қазоқистон, ки дар он ҷо низ хароҷоти нақлиёт баланд аст, нархи ин маҳсулот дар сатҳи баланд боқӣ монд.

Ёдрас мекунем, ки таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо маҳсулоти ғалладонагӣ ва орди гандум Қазоқистон мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи январи соли равон нархи орди гандум дар Тоҷикистон ба андозаи 31% боло рафт. Моҳи гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи 10,3 млн. $ беш аз 24 ҳазор тонна орд ва ба маблағи 21,6 млн. $ ҳудуди 64 ҳазор тонна гандум ворид карда шуд.

Айни замон дар бозорҳои шаҳри Душанбе як халта орди гандуми 50-килограммаи истеҳсоли Қазоқистон бо нархи 160 сомонӣ (33 $) ба фурӯш гузошта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.