Интихоби пеш аз муҳлати вакил ба палатаи поёнии парлумон

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифови чанде қабл раиси ноҳияи Восеъ таъиншуда вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошад ва баъди ин таъинот бояд ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, муҳлати интихоби вакили нави МН МО […]

Аваз Юлдошев


Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифови чанде қабл раиси ноҳияи Восеъ таъиншуда вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошад ва баъди ин таъинот бояд ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари маъмурияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ Абдуманнон Додоев хабар дод, муҳлати интихоби вакили нави МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №39-и Восеъ, ки аз онҷо Р.Латифов интихоб шуда буд, дар муддати се моҳ баъди аз ҷониби палатаи поёнии парлумон расман қабул шудани қарор дар бораи қатъи ваколатҳои Латифов таъин карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар палатаи поёнии парлумон Рустам Латифов Ҳизби аграрии Тоҷикистонро намояндагӣ мекард, ки чун Ҳизби коммунист ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар парлумон ду намоянда доранд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.