Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону AKDN

Чанде қабл зимни мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндаи доимии Созмони Оғо Хон оид ба рушд (AKDN) дар ҷумҳурӣ Алӣ Песнани масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Бино ба иттилои Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ба ҷараёни амалисозии лоиҳаву барномаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, кишоварзӣ, сохтмони роҳу […]

ASIA-Plus


Чанде қабл зимни мулоқоти вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндаи доимии Созмони Оғо Хон оид ба рушд (AKDN) дар ҷумҳурӣ Алӣ Песнани масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои Вазорати молияи ҶТ, дар ҷараёни мулоқот ба ҷараёни амалисозии лоиҳаву барномаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, кишоварзӣ, сохтмони роҳу пулҳо, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ҷонибҳо зарурати густариши шабакаи муассисаҳои маблағгузории хурд, бахусус дар манотиқи кӯҳистон ва дурдастро таъкид намуданд, ки бевосита ба сатҳи афзоиши некӯаҳволии мардум ва коҳиши мизони камбизоатӣ таъсир мерасонад.

Вазири молияи ҷумҳурӣ изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ муносибатҳои Тоҷикистону AKDN бемайлон густариш хоҳанд ёфт.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи гузашта Акбар Али Песнани ба сифати намояндаи нави доимии Созмони Оғо Хон оид ба рушд дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин вазифа ӯ Мунир Мералиро иваз кард, ки санаи 28-уми январ ваколатҳои 7-солааш дар Тоҷикистон ба итмом расиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.