Мулоқоти Роберт Блейк бо журналистон дар Душанбе

Дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк бо рӯзноманигорон мулоқот орост. Дар оғоз Роберт Блейк изҳор намуд, ки зимни мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳо ҷиҳати таъмини субот дар Афғонистон ва ҳамчунин пуштибонӣ аз тамоми кӯшишҳои аз ҷониби […]

Наргис Ҳамробоева


Дар ҷараёни сафари корӣ ба Тоҷикистон ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк бо рӯзноманигорон мулоқот орост.

Дар оғоз Роберт Блейк изҳор намуд, ки зимни мулоқот бо сарвари давлати Тоҷикистон ӯ ба Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳо ҷиҳати таъмини субот дар Афғонистон ва ҳамчунин пуштибонӣ аз тамоми кӯшишҳои аз ҷониби эътилоф суратгирифта баҳри таъмини субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори миннатдорӣ намудааст.

«Зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон масоили густариши муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар бахши таҳкими марзҳо, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд», – иброз дошт вай.

Номбурда гуфт, дар ҷараёни машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону ИМА бо вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба, рушди иқтисоду тиҷорат, таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, вазъи ҳуқуқи инсон бо шумули озодии васоити ахбори умум, дин ва мазҳаб, амнияти сарҳад ва мубориза бар зидди маводди мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни посух ба саволи рӯзноманигорон дар мавриди мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон намояндаи департаменти давлатии ИМА иброз дошт, ки коҳиши истеҳсоли маводи нашъаовар дар Афғонистон яке аз масъалаҳои афзалиятнок барои ИМА маҳсуб меёбад. «Фаъолияти худро дар минтақа дар ин самт мо идома медиҳем. Дар масъалаи қочоқи маводи мухаддир мо бо Тоҷикистон як қатор чораҳои муштарак меандешем», – таъкид дошт ӯ.

Дар мавриди савол оид ба маъракаи интихоботи президентии Тоҷикистон ӯ изҳор намуд: «Мо ҷонибдори онем, ки тамоми аҳзоби сиёсӣ дар маъракаи интихоботи президент ширкат варзанд ва ИМА аз ҳукуматдорони тоҷик даъват мекунад, ки баргузории интихоботи мунсифона ва шаффофро таъин намоянд».

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ИМА рӯйи масъалаи пас аз соли 2014 аз ҷониби ҳукумати Афғонистон таҳти назорат қарор додани вазъ тадбирҳо меандешад. «Барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон давраҳои омӯзишӣ ташкил намуда, метавонам бигӯям, ки 80%-и хизматчиёни низомии Афғонистон ба мустақилона таъмин кардани амнияти кишвари худ омодаанд», – афзуд Р.Блейк.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.