Амфитеатри Душанбе таҷдид мегардад


Мақомоти шаҳрдории Душанбе оид ба таҷдиду азнавсозии бинои амфитеатри пойтахт миёни корхонаву ташкилотҳои лоиҳакашӣ тендери кушод эълон кард.

Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, корхонаҳое, ки дар тендер хоҳиши иштирок карданро доранд, бояд ба масъалаи таҳияи лоиҳае, ки дар он зиёд кардани ҷойи нишаст аз 1179 то 1368 ҷой пешбинӣ мешавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Дар ҷараёни корҳои таҷдиду азнавсозӣ барои ҳунармандон ҳуҷраҳо бунёд гардида, низоми таҷҳизотҳои равшанидиҳанда, танзиму пахши овоз ва таъмини қабати акустикӣ дар деворҳои дохили бино пурра нав карда мешаванд.

«Мувофиқи шартҳои тендер, боми амфитеатр бояд пушӣда шуда, дар толор курсиҳои мулоим ҷойгир карда шаванд ва низоми гармидиҳиву ҳавотозакунӣ доимо амал намуда, пас аз анҷоми корҳои таҷдид, амфитеатр натанҳо дар мавсими тобистону тирамоҳ, балки бояд тамоми муддати сол фаъолият дошта бошад», – гуфта мешавад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки тендер то 31-уми март идома ёфта, натиҷаҳои он на дертар аз 6-уми апрел ҷамъбаст хоҳанд шуд.

spot_imgspot_img

Популярное