Дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи ломбардҳо» қабул мешавад

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи МН МО ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи ломбардҳо» баррасӣ шуд. Ба гуфтаи котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов, қонуни мазкур бо мақсади танзими фаъолияти ломбардҳо дар кишвар аз ҷониби як гурӯҳи намояндагони мардумӣ таҳия шудааст. «Ломбардҳои имрӯз дар кишвар фаъолиятдошта […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои палатаи МН МО ҶТ таҳти сарварии раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонун «Дар бораи ломбардҳо» баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов, қонуни мазкур бо мақсади танзими фаъолияти ломбардҳо дар кишвар аз ҷониби як гурӯҳи намояндагони мардумӣ таҳия шудааст.

«Ломбардҳои имрӯз дар кишвар фаъолиятдошта дар фаъолияти худ меъёрҳои Кодекси граждании ҷумҳуриро истифода мекунанд, ки тамоми меъёрҳои ҳуқуқии фаъолияти ҳамарӯзаи онҳоро фарогир нест», – иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, лоиҳаи қонуни мазкур ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи 27-уми феврал доир мегардад, ворид карда шудааст.

Номбурда афзуд, дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» ва «Дар бораи ипотека» низ баррасӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.