Аввали ҳафтаи равон таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки васеи роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, раисони шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, имомхатибони масҷидҳои ҷомеву панҷвақтаи шаҳр ва масъулини сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, аз қабили ҳолати заминистифодабарӣ, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, хизматрасониҳои тиббию коммуналӣ, нарху наво ва ғановати бозори истеъмолӣ, риояи танзими расму ойинҳо, Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва фаъолияти ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ дар иртибот ба таъмини ҳамзистии осоиштаи тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳр ва омодагиҳо ба татбиқи барномаҳои ободонии шаҳрдорӣ баррасӣ шуданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки рӯзҳои 2, 9 ва 16-уми марти соли 2013 баҳри истиқболи сазовори қудуми файзбори Наврӯз дар шаҳр ҳашарҳои умумишаҳрӣ бо таъин кардани корҳои ободонӣ ва ҷалби васеи аҳли ҷамоатчигӣ баргузор карда хоҳанд шуд.
Вобаста ба таъмини волоияти қонун оид ба заминистифодабарӣ ва аз рӯи таъинот ва муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби шаҳрвандон мавриди амал қарор доштани татбиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе роҷеъ ба додани иҷозат ба сохтмонҳои мухталиф, баҳри пешгирӣ аз объекти хариду фурӯши ғайриқонунӣ қарор додани санадҳои мазкур М.Убайдуллоев дастур фармуд, ки комиссияи босалоҳияти ҷамъиятӣ таъсис дода шавад.



