Куштори навраси 15-солаи тоҷик дар Маскав

Муфаттишони маскавӣ барои муайян кардани шахсияте, ки навраси 15-солаи тоҷик Муқим Абдуғаниевро ба қатл расонид, кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Бино ба иттилои хабаргузории newsru.com, ин ҷинояти дар макони серодами назди истгоҳи метрополитен содиршударо камераҳои видеоӣ сабт ва онро кормандони хадамоти таъмини амнияти марказӣ тиҷоратӣ мушоҳида доштаанд, вале аз дахолат ба он худдорӣ намудаанд. Дар торнамои […]

ASIA-Plus


Муфаттишони маскавӣ барои муайян кардани шахсияте, ки навраси 15-солаи тоҷик Муқим Абдуғаниевро ба қатл расонид, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бино ба иттилои хабаргузории newsru.com, ин ҷинояти дар макони серодами назди истгоҳи метрополитен содиршударо камераҳои видеоӣ сабт ва онро кормандони хадамоти таъмини амнияти марказӣ тиҷоратӣ мушоҳида доштаанд, вале аз дахолат ба он худдорӣ намудаанд.

Дар торнамои расмии Саараёсати тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Маскав гуфта мешавад, рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, соати 22:30 дақиқа дар назди истгоҳи метрои «Петровско-Разумовская», ки дар рӯбарӯи мағозаи «Электромаркет» воқеъ аст, толибилми мактаб ба қатл расонида шудааст.

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии Русия, қабл аз ҳодиса миёни як гурӯҳи нварасон ва яке аз роҳгузарон муноқиша рух дода, он бо қатли навраси тоҷик анҷом пазируфтааст. Ҳарчанд муноқишаву занозанӣ муддати чанд дақиқа идома ёфта бошаду онро муҳофизони маркази тиҷоратӣ зери назорат дошта бошанд ҳам, вале касе ба кӯмак нашитофтааст.

Ҳангоме ки қотил корд зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад, ду нафар кормандони хадамоти амният бидуни ҳеҷ шитобе ба назди маҷрӯҳ меоянд. Аз хунравии зиёд баъди чанде наврас беҳуш гардида, сипас дар автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба ҳалокат расидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.