«Тоҷик Эйр» парвозҳо ба Бокуро барқарор мекунад

Шурӯъ аз 7-уми март ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо ба пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Бокуро дубора барқарор мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, парвозҳо рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта соати 22:30 бо вақти маҳаллӣ тавассути ҳавопаймои навъи Боинг-737 сурат гирифта, муҳлати парвоз 2 соату 30 дақиқа ва арзиши билет барои як […]

Заррина Эргашева


Шурӯъ аз 7-уми март ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» парвози ҳавопаймоҳо ба пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Бокуро дубора барқарор мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур хабар доданд, парвозҳо рӯзи панҷшанбеи ҳар ҳафта соати 22:30 бо вақти маҳаллӣ тавассути ҳавопаймои навъи Боинг-737 сурат гирифта, муҳлати парвоз 2 соату 30 дақиқа ва арзиши билет барои як тараф аз 240 евроро ташкил медиҳад. Парвозҳо аз Боку ба Душанбе субҳи рӯзи ҷумъаи ҳар ҳафта анҷом дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳо тавассути ин хатсайр танҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Ширкатҳои озарбойҷонӣ алҳол аз анҷом додани парвозҳо бо ин хатсайр худдорӣ кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли 2012 ширкати «Тоҷик Эйр» парвози нахустини ҳавопаймо тавассути хатсайри Душанбе-Бокуро анҷом дода, вале бинобар сабаби норасоии мусофирон ва дархостнопазир будани хатсайр дарҳол парвозҳо қатъ шуда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.