Бахтиёр Сатторӣ дар хонааш табобат мегирад

spot_imgspot_img

Дата:


Собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Бахтиёр Сатторӣ, ки моҳи феврал бар асари ҳамла ба ӯ аз зарби корд ҷароҳат бардошта буд, аз бемористон рухсатӣ шуда, дар хонааш табобат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки шоми 19-уми феврали соли ҷорӣ собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Бахтиёр Сатторӣ дар шаҳри Маскав

мавриди ҳамлаи афроди номаълум

қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои зиёд аз корд ба бемористон мунтақил шуда буд. Журналист тахминан соатҳои 23 аз манзили иҷорааш барои харидани тамоку ба берун баромада, мавриди ҳуҷуми шахсони номаълум қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи Сатторӣ иттилоъ дод, захмҳои шикам рӯ ба беҳбудӣ оварда, аммо захмҳои рӯй ҳоло ҳам мисли пештараанд. Ҳамчунин ӯ илова намуд, ки дар прокуратураи шаҳри Маскав ин қазияро баррасӣ доранд, аммо ӯ аз ҷараёни тафтишот огоҳ нест, зеро то ҳанӯз барои додани баёнот даъват нашудааст.

Дар мусоҳибаи нахусти худ пас аз ин ҳодиса ба радиои «Озодӣ» Бахтиёр Сатторӣ дархост намуда буд, ки атрофи ин қазия сарусадои зиёд барпо кардан лозим нест. «Ман наметавонам бигӯям, ки ба ин амал одамони ҳукумат даст задаанд ё дигарон. Шояд ин як иғвое аз ҷониби мухолифин буд», – тахмин зада буд Сатторӣ.

Тайи солҳои ахир Бахтиёр Сатторӣ ба ҳайси сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ифои вазифа намуда, дар ҳамон ҷо  шаҳрвандии Русияро соҳиб шудааст. Соли гузашта бо сабабҳои номаълум ӯ аз мансаб барканор гардида, ҳарчанд чандин маротиба ҷиҳати барқарор шуданаш дар вазифа бо мактуб ба президент Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карда бошад ҳам, дигар сари мансаб барнагашт. Сипас ӯ ба сафи мухолифини тоҷик пайваста, бо пешвои созмони мухолифи «Гурӯҳи-24» Умаралӣ Қувватов ҳамкориро оғоз намуд.

Қобили зикр аст, ки ҳомии ҳуқуқи Русия Николай Николаев ҳодисаи суиқасд ба ҷони собиқ сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва феълан мухолифи ҳукумат Бахтиёр Сатториро

фармоиши сиёсӣ

унвон кард.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...