Номзадии журналист Раҷаби Мирзо ба курсии парлумон аз ҲДТ

Ҳизби демократии Тоҷикистон аз номзадии журналисти маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо ба курсии парлумон дар маъракаи интихоботи вакил ба МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №39-и Восеъ пуштибонӣ карданист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Ҳизби демократи Тоҷикистон хабар дод, барои сабти Раҷаби Мирзо ба сифати номзад ба вакили парлумон то 15-уми март тамоми […]

Аваз Юлдошев


Ҳизби демократии Тоҷикистон аз номзадии журналисти маъруфи тоҷик Раҷаби Мирзо ба курсии парлумон дар маъракаи интихоботи вакил ба МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии якмандатии №39-и Восеъ пуштибонӣ карданист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Ҳизби демократи Тоҷикистон хабар дод, барои сабти Раҷаби Мирзо ба сифати номзад ба вакили парлумон то 15-уми март тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба комиссияи интихоботи ҳавзавӣ пешниҳод хоҳанд шуд.

Ёдрас мекунем, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон санаи интихоби вакил ба МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии №39-и Восеъ ба ҷойи вакили хориҷшуда Рустам Латифов аз Ҳизби агарии Тоҷикистонро ба рӯзи 5-уми майи соли равон таъин кард.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, Рустам Латифови чанде қабл бо фармони сарвари давлат раиси ноҳияи Восеъ таъиншуда ваколатҳои худро дар палатаи поёнии парлумон пеш аз муҳлат супурд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.