Волидайни маҳбусон истеъфои И.Шарифовро тақозо доранд

Беш аз 300 нафар падару модарони маҳкумшудагони дар зиндонҳо қарордошта ва ё дар маҳбасхонаҳо фавтида истеъфои муовини вазири адлияи ҶТ, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати мазкур Иззатулло Шарифро талаб доранд. Мактуб бо ин мазмун ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва нусхаи он ба ёвари котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва […]

ASIA-Plus


Беш аз 300 нафар падару модарони маҳкумшудагони дар зиндонҳо қарордошта ва ё дар маҳбасхонаҳо фавтида истеъфои муовини вазири адлияи ҶТ, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вазорати мазкур Иззатулло Шарифро талаб доранд.

Мактуб бо ин мазмун ба унвони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва нусхаи он ба ёвари котиби давлатии ИМА оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк ва сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Орд-Смит равона шудааст. Яке аз нусхаҳои мактуби мазкур дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қарор гирифт.

Дар мактуби иборат аз якчанд саҳифа маълумоти муфассал дар бораи далелҳои лату кӯб ва истифодаи шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳии кишвар ва гӯё ҷой доштани маслиҳат миёни мақомот доир ба тафтишоти ҳодисаҳои мазкур дарҷ ёфтааст. Ба гуфтаи муаллифони нома, ба мактуб ҳамчунин сабти видеоӣ низ замима шудааст, ки дар он маҳкумшудагон дар бораи ҳодисаҳои зӯроварӣ аз ҷониби кормандони маҳбас ҳикоят мекунанд.

Падару модарони маҳкумшудагон ҳамчунин истеъфои прокурор оид ба иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ Толиб Азимов ва раиси Суди олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоевро низ тақозо мекунанд. Ба қавли муаллифони нома, онҳо ба даҳҳо мактуб ва арзу шикояти маҳкумшудагон ва пайвандони онҳо дар бораи ҳодисаҳои шиканҷаву зӯроварӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намесозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.