Интихоби дубораи З.Рустамова ба ҳайси президенти АОТ

Варзишгарзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони мутлақи соли 1975 ва дорандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпии соли 1976 Зебуннисо Рустамова дубора ба ҳайси президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон (АОТ) интихоб шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, чанде қабл бо иштироки Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар қароргоҳи Кумита ҷаласаи генералии Ассосиатсияи олимпичиёни […]

ASIA-Plus


Варзишгарзани маъруфи тоҷик, қаҳрамони мутлақи соли 1975 ва дорандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои олимпии соли 1976 Зебуннисо Рустамова дубора ба ҳайси президенти Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон (АОТ) интихоб шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, чанде қабл бо иштироки Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев дар қароргоҳи Кумита ҷаласаи генералии Ассосиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон доир гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа аз ҳисоботи президенти АОТ дар давраи солҳои 2009-2013 натиҷагирӣ шуда, он қаноатбахш арзёбӣ шудааст. Роҳбари Ассотсиатсия Зебуннисо Рустамова бори дигар ба ҳайси президенти ассосиатсия барои давраи соли 2013-206 интихоб гардидааст.  

Қобили зикр аст, ки Зебуннисо Рустамова мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон дар соли 1975 (Швейтсария), барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал дар соли 1976, 3-карат қаҳрамони ҷаҳон дар ҳайати тими собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 3-карат қаҳрамони Аврупо, 15-карат қаҳрамони  собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 20-карат қаҳрамони Тоҷикистон оид ба камонварӣ мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.