Ташаббуси ҲХДТ оид ба рушди боғпарварӣ дар кишвар

Санаи 15 марти соли равон бо ташаббуси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Самаранокии иқтисодии соҳаи боғу токпарварӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он дар мамлакат» мизи мудаввар доир мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, чорабинии мазкур ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои ҳизбӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ бо супориши муовини […]

ASIA-Plus


Санаи 15 марти соли равон бо ташаббуси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба ифтихори иди байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Самаранокии иқтисодии соҳаи боғу токпарварӣ ва роҳҳои баланд бардоштани он дар мамлакат» мизи мудаввар доир мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, чорабинии мазкур ҷиҳати амалӣ намудани барномаҳои ҳизбӣ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ бо супориши муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров аз ҷониби Маркази таблиғот ва таҳлилии Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи иқтисоди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар кори мизи мудаввар роҳбарияти ҲХДТ, вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар, коршиносону олимон аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои иқтисод ва боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, бархе аз роҳбарони хоҷагиҳои боғу токпарварӣ ва дигар шахсони масъул ширкат хоҳанд варзид.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.