Ҳалли тақдири минбаъдаи Абдуллоҷонов дар Киев

Шояд имрӯз дар шаҳри Киев тақдири минбаъдаи собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки дар фурдугоҳи «Бориспол» боздошт шуда, ҳал гардад. Бино ба иттилои ВАО-и Украина, дар бораи истирдоди собиқ нахуствазири Тоҷикистон имрӯз суд бояд ба хулосае бирасад. Рӯзи 14-уми март дар ҷараёни ҷаласаи судӣ мушкилоти аз рӯи санад муайян кардани боздоштшуда рӯйи кор омадааст, зеро […]

ASIA-Plus


Шояд имрӯз дар шаҳри Киев тақдири минбаъдаи собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки дар фурдугоҳи «Бориспол» боздошт шуда, ҳал гардад.

Бино ба иттилои ВАО-и Украина, дар бораи истирдоди собиқ нахуствазири Тоҷикистон имрӯз суд бояд ба хулосае бирасад.

Рӯзи 14-уми март дар ҷараёни ҷаласаи судӣ мушкилоти аз рӯи санад муайян кардани боздоштшуда рӯйи кор омадааст, зеро хадамоти посбонӣ парвандаи шахсии Абдуллоҷоновро бо худ наовардааст.

Ғайр аз ин, намояндагони Прокуратураи генералӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воқеъан мақоми паноҳандаи сиёсӣ доштани Абдуллоҷоновро пешниҳод накардаанд.

Зимни шарҳи ин масоил дар суд Андрей Федур, ҳимоятгари боздоштшуда чандин маротиба таъкид доштааст, ки зерҳимояи ӯ қонунӣ ба қаламрави Украина ворид шуда, дар ҳуҷҷатҳои худ коди инфиродиеро доштааст, ки аз ҷониби ИМА ба шахсони дорои мақоми паноҳандаи сиёсӣ дода мешавад.

Гузашта аз ин, Федур таъкид доштааст, ки Абдуллоҷонов шаҳрванди Тоҷикистон нест, зеро кайҳо шаҳрвандии ин кишварро аз даст дода, доимо дар қаламрави ИМА зиндагӣ мекунад.

Барои тасдиқи гуфтаҳои худ адвокат ба суд ҳуҷчатҳои аз сафорати ИМА ва намояндагии СММ дар Украина дастрасшударо, ки мақоми махсуси Абдуллоҷоновро тасдиқ мекунанд, пешниҳод намудааст.

Федур таваҷҷуҳи судро ба он равона кардааст, ки мувофиқи созишномаҳои байнулмилалии баимзорасида, Украина шахси дорои мақоми гурезаро ба кишваре, ки ба хотири раҳоӣ ёфтан аз таъқиб ӯ онро тарк кардааст, истирдод карда наметавонад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли равон Прокуратураи генералии ҶТ ҷиҳати ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдани собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳамтоҳои украинии худ

дархост ирсол намуд

.

Чанде қабл Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи

Афви Байнулмилал (Amnesty International

) аз ҳукуматдорони Украина даъват ба амал овардааст, ки аз истирдоди собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон даст кашанд, зеро дар он ҷо ба ӯ истифодаи шиканҷа ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон таҳдид мекунанд.

Намояндагии минтақавии

Раёсати Комиссари олии СММ

оид ба умури гурезагон низ аз ҳукуматдорони Украина дархост намудааст, ки ҳимояи собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов, ки мақоми гурезаро соҳиб аст, таъмин карда шавад.

Аввали моҳи феврали соли равон дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов боздошт шуд.  Ӯ аз ИМА ба Украина сафар доштааст. Дар Тоҷикистон Абдуллоҷонворо ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони президенти Эмомалӣ Раҳмон дар соли 1996 ва даст доштан дар ошӯби мусаллаҳона таҳти роҳбарии полковник Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1998 дар вилояти Суғд гумонбар медонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.