Суд ВКД-ро ба пардохти ҷубронпулӣ ба ҳамсари Сангов уҳдадор кард


Суд Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро ба пардохти ҷубронпулӣ ба маҳбуси фавтида, ки ба қавли наздиконаш, бар асари латукӯб ва шиканҷа дар ш


ӯ


ъбаи милиса ба ҳалокат расида буд, водор кард.

Дар бораи ин ҳодисаи бесобиқа торнамои

NoTorture.T

j бо истинод ба ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар медиҳад. Хизматрасонии ин ҳимоятгар аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ройгон таъмин гардиданд.

Ба гуфтаи вай, даъвои ҷуброни моддӣ ва маънавӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ҳамсари Сангов нисбат ба Вазорати корҳои дохилии ҶТ пешниҳод гардида буд.

«Суд тамоми далелҳои зарурии гирдовардаро баррасӣ намуда, дар бораи пардохти ҷуброн аз ҷониби вазорати мазкур дар ҳаҷми 46,5 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 10 ҳазор $) қарор содир кард», – афзуд Холматова.

Ҳимоятгар гуфт, қарори суд 5-уми апрел мавриди амал қарор гирифта, дар сурати то ин замон шикоят наовардан ба он аз ҷониби ҷавобгар, ВКД маблағи ҷубронро бояд бипардозад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли 2012 ду нафар собиқ кормандони милиса, ки дар ҳодисаи марги сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов айбдор дониста мешуданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Нисбат ба ду тан аз собиқ кормандони фаврии ваколатдори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ бинобар сабаби истифодаи санади афв қарор содир гардид

Мурофиаи судӣ нисбат ба собиқ кормандони фаврии ваколатдори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яъқубов ва Қодир Ҳасанов моҳи июни соли гузашта оғоз гардида буд. Моҳи марти ҳамон сол онҳо ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Сафаралӣ Санговро боздошт намуданд. Сафаралӣ Сангов пас аз ҳабс дар боздоштгоҳи ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ба шӯъбаи эҳёгарии беморхона мунтақил гардида, баъди чанде ба ҳалокат расид.

Наздиконаш бар ин назаранд, ки ӯ аз латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, вале ҷониби дигар инро рад сохта, мегӯяд, Сангов худро аз зинапояҳо ба поин афканда, худкушӣ кардааст.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Аз ҷумла, созмони байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон Amnesty International ва Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон изҳороти муштараке пахш намуда, дар он аз ҳолатҳои марги Сангов изҳори нигаронӣ ва аз ҳукматдорон таҳқиқи мӯшикофонаи ҳодисаи мазкурро талаб карда буданд.

Дар ин радиф ҳамчунин метавон аз пардохти ҷубронпулӣ  дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ (беш аз 6 ҳазор $) ба ҳамсари маҳбуси фавтида Исмоил Бачаҷонов барои аз даст додани саробон аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷазо бо шарти созиши ҷонибҳо низ ёдовар шуд. Фавтида пас аз латукӯб дар тавқифгоҳи муваққатии Вазорати адлияи ҶТ ҳалок гардида буд.

Аз манфиатҳои ҳамсари Бачаҷонов дар суд намояндагони Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳимоя карданд. Намояндаи ҷониби ҷавобгар бо шарти пардохти қисмате аз маблағи талабшуда ба созиш омаданро пешниҳод кард, зеро онҳо ба пардохти ҳаҷми пурраи маблағи талабшуда дар даъво (655 ҳазор сомонӣ) имкон надоштаанд. Ин пешниҳодро даъвогар пазируфт.

spot_imgspot_img

Популярное