АНМН: Мусодираи миқдори зиёди ҳашиш дар Суғд

Бар асари роҳандозии амалиёти фаврӣ дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд сокини 39-солаи ин ноҳия, ки соҳибкори инфиродӣ буда, қаблан суд нашудааст, бо бештар аз 30 кило маводи мухаддири ҳашиш боздошт намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Агентии мазкур, чорабинии оперативӣ дар ҷамоати Хистеварзи […]

ASIA-Plus


Бар асари роҳандозии амалиёти фаврӣ дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар вилояти Суғд сокини 39-солаи ин ноҳия, ки соҳибкори инфиродӣ буда, қаблан суд нашудааст, бо бештар аз 30 кило маводи мухаддири ҳашиш боздошт намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии Агентии мазкур, чорабинии оперативӣ дар ҷамоати Хистеварзи ин ноҳия сурат гирифтааст. Кормандони фаврӣ аз дохили як сумкаи варзишии вай  60 адад маводи росткунҷашакли прессшударо пайдо кардаанд, ки ранги сабзи сияҳчатоб ва бӯи махсус доштаанд. Лабораторияи ташхиси судӣ тайид кард, ки маводи мусодирашуда мухаддироти навъи ҳашиш буда, вазни умумии он 30 килову 137 граммро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, ҳамзамон бо ин дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои дигари фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шарики боздоштшуда, зодаи 50-солаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар шаҳри Хуҷанд истиқомат дорад, ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд.  

Боздоштшудагон мардони соҳиби маълумоти олӣ буда, оиладор ва ҳар кадом соҳиби  3-4 фарзанд мебошанд.

Алҳол аз рӯи ин ҳодиса тибқи моддаи 200, қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, боздоштшудагон дар тафқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.