Таҷлили Рӯзи Тоҷикистон дар Пекин

Дар Донишгоҳи муносибатҳои байнулмилалии Чин дар Пекин Рӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, дар назди омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов суханронӣ намуда, самтҳои асоси сиёсати хориҷии ҷумҳуриро шарҳ дод. Сафир зикр кард, ки рушди минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории […]

ASIA-Plus


Дар Донишгоҳи муносибатҳои байнулмилалии Чин дар Пекин Рӯзи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, дар назди омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов суханронӣ намуда, самтҳои асоси сиёсати хориҷии ҷумҳуриро шарҳ дод.

Сафир зикр кард, ки рушди минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории барои тарафайн судманд бо Чинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз вазифаҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар номбар кардааст.

Рашид Олимов изҳори итминон кард, ки таҷрибаи тӯли 20 соли ҳамкории дуҷониба андӯхта, сатҳи баланди мавҷудаи эътимоди тарафайн, вохӯриҳои ҳамасолаи мақомоти раҳбарии Тоҷикистону Чин, омили ҳамҷаворӣ, ҳаҷми сол то сол дар ҳоли афзоиш қарордоштаи муомилоти молӣ ва таҳкими дӯстӣ миёни мардуми кишварҳо барои ба сатҳи шарикии стратегӣ баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Чин заминаи хуб фароҳам овардаанд.

Дар барномаи консертии ба ин муносибат омодасохтаи донишҷӯёни Тоҷикистону Чин суруду мусиқӣ дар васфи ҷашни Наврӯзу дӯстӣ садо доданд ва ҷолиби таваҷҷуҳ буд, ки шеърҳоро донишҷӯёни чинӣ бо забони тоҷикӣ ва донишҷӯёни тоҷик бо забони чинӣ қироат намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.