Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон иттилоот дар бораи сафари президенти Эрон ба Тоҷикистонро рад мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ Давлат Назриев дар ин робита хабар дод, прзеиденти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҷиҳати иштирок дар маросими ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 ба Тоҷикистон ташриф намеорад.
Ба қавли вай, президенти Эрон моҳи апрели соли равон ба Тоҷикистон меояд. «Санаи мушаххаси сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон пас аз таҳияи нақшаи сафари ӯ маълум карда хоҳад шуд», – иброз дошт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, дар намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе дар ин маврид изҳор намуданд, ки сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон рӯзҳои 25-26-уми март дар назар буд, вале ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд, зеро ҳам Эмомалӣ Раҳмону ҳам Маҳмуди Аҳмадинажод дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар Туркманистон ширкат варзида, онҷо бо ҳам мулоқот анҷом медиҳанд.
Соли равон шаҳри Ашқобод пойтахти Наврӯз таъин шуда, сарони кишварҳои форсизабон ва дигар кишварҳо баҳри таҷлили ин ҷашн ба пойтахти Туркманистон даъват шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 21-уми март ба Ашқобод сафар мекунад.
«Дар Ашқобод сарони кшварҳои Тоҷикистону Эрон мулоқоти корӣ анҷом дода, сипас санаи мушаххаси сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон маълум хоҳад шуд», – гуфтанд дар намояндагии дипломатии Эрон.
Дар ҳамин ҳол, дирӯз
хабаргузории эронии Fars
бо истинод ба муовини аввали вазири энергетика ва саноати ҶТ Пӯлод Муҳиддинов иттилоъ дода буд, ки рӯзи 21-уми март зимни таҷлили ҷашни Наврӯз сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод ба фаъолияти агарегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-2 расман ҳсуни оғоз бахшида, сипас нерӯгоҳ бо иқтидори пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар посух ба савол дар бораи санаи мавриди истифода қарор гирифтани агрегати 2-юми нерӯгоҳи Сангтӯда-1, дар сафорати Эрон дар Душанбе хабар доданд, ки «аз он огоҳ нестанд, зеро кормандони бахши иқтисоди сафорат айни замон ҷиҳати таҷлили ҷашни Наврӯз дар Эрон қарор доранд».
Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Айни замон танҳо яке аз агрегатҳои нерӯгоҳ бо иқтидори 110 МВт мавриди амал қарор дошта, бо фаъол шудани агрегати дуюми нерӯгоҳ иқтидори он 220 МВт-ро ташкил хоҳад дод.


