Аудити низоми ҳавопаймоии тоҷик аз ҷониби ICAO

Охири моҳи апрел комиссияи Созмони байнулмилалии ҳавопаймоии мулкӣ (ICAO) аудит (санҷиш)-и нақшавии низоми ҳавопаймоии Тоҷикистонро баргузор мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ҳавопаймоии мулкӣ (гражданӣ)-и Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аудити пешини 5 сол қабл доиргардида барои Тоҷикистон бо натиҷаҳои мусбат анҷом пазируфта буд. «Тамоми низоми ҳавопаймоии кишвар, сар аз ҳуҷҷатгузорӣ дар […]

Заррина Эргашева


Охири моҳи апрел комиссияи Созмони байнулмилалии ҳавопаймоии мулкӣ (ICAO) аудит (санҷиш)-и нақшавии низоми ҳавопаймоии Тоҷикистонро баргузор мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ҳавопаймоии мулкӣ (гражданӣ)-и Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аудити пешини 5 сол қабл доиргардида барои Тоҷикистон бо натиҷаҳои мусбат анҷом пазируфта буд.

«Тамоми низоми ҳавопаймоии кишвар, сар аз ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои давлатии масъул ба бахши ҳавопаймоӣ то ҳавопаймову фурудгоҳҳо мавриди санҷиш қарор хоҳанд гирифт», – гуфтанд дар вазорат.

Ба гуфтаи муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар бахши нақлиёт Рашид Додобоев, эҳтимоли ба рӯйхати сиёҳи ICAO шомил гардидани Тоҷикистон хеле зиёд буда, дар ин ҳолат ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҷумҳурӣ мақоми «ширкатҳои беэътимод» дода мешавад ва парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва дигар давлатҳо манъ карда мешавад. «Манъи парвозҳо танҳо пас аз иҷрои тамоми талаботи ICAO аз рӯйи ҳамаи бандҳои эродҳо бекор хоҳад шуд», – иброз дошт вай.

Додобоев мегӯяд, талаботи аслии ICAO риояи меъёрҳои байнулмилалӣ буда, он ҳам ба ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳам ба техникаву мутахассисон дахл дорад. «Имрӯз ширкатҳои ҳавопаймоии Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Молдова ва кишварҳои зиёди дигаре ба «рӯйхати сиёҳ»-и ICAO шомиланд ва муддати чандин сол аст, ки Қазоқистон кӯшиши аз он хориҷ шуданро дорад, вале алҳол бенатиҷа», – изҳор кард ӯ.

Мақомоти масъул ба бахши ҳавопаймоии Тоҷикистон ташрифи аудиторони ICAO-ро интизор буда, ҳуҷҷат ва техникаву иншооти дахлдорро барои санҷиш омода месозанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.