Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус

Дар Душанбе ҷаласаи навбатии ҳаштуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд. Зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси комиссия аз ҷониби Тоҷикистон вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов изҳор кард, ки ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Белорус ба зарурати роҳандозии боррасонии мустақими ашёи хом, маҳсулот ва маводи мавриди ниёзи умум нигаронида шудаанд. «Дар дурнамои рушди муносибатҳои […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Душанбе ҷаласаи навбатии ҳаштуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баргузор шуд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа раиси комиссия аз ҷониби Тоҷикистон вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов изҳор кард, ки ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Белорус ба зарурати роҳандозии боррасонии мустақими ашёи хом, маҳсулот ва маводи мавриди ниёзи умум нигаронида шудаанд.

«Дар дурнамои рушди муносибатҳои тарафайн Тоҷикистон таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди нахи пахта ва чарму пашм, воситаҳои содироти он ва ҳамчунин густариши барномаҳои муштараки самаранокро мувофиқи мақсад мешуморад», – гуфт ӯ.

Қосимов инчунин рушди ҳамкориҳои минтақавӣ миёни минтақаҳои озоди иқтисодии «Витебск» ва «Суғд», Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳоро таъкид намуда, ифтитоҳи факултаи Донишгоҳи техникии Белорус дар заминаи Донишгоҳи техникии ба номи Осимиро натиҷаи ҳамкориҳои пурсамар арзёбӣ кард.

Аз рӯи натиҷаҳои кори ҷаласа Протоколи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белорус оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба имзо расид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.