Дар Тоҷикистон маъракаи кишти пунбадона идома дошта, то имрӯз дар майдони ҳудуди 55 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд, ки беш аз 27% аз нақшаи пешбинишуда (200 ҳазор гектар)-ро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, нахуст дар вилояти Хатлон кишти пунбадонаро шурӯъ намуда, то имрӯз дар 52,3 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст, ки ба 40%-и нақша баробар аст.
Дар вилояти Суғд аз майдони умумии 51,2 ҳазори барои кишти пунбадона дар соли равон пешбинишуда дар ҳудуди 2 ҳазор гектар кишти пунбадона анҷом дода шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ аз нақшаи умумии 7,6 ҳазор гектар алҳол ҳамагӣ дар 100 гектар пунбадона кишт шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, маъракаи кишти пунбадона нимаи моҳи март оғоз гардида, то нимаи моҳи май идома меёбад. Соли равон кишоварзон ният доранд, ки дар ҳаҷми 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оранд.
Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.


