Муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ба унвони раиси раёсати Бонки авруосиёии рушд Игор Финогенов як паёме ирсол намуда, дар он ба ӯ «барои фаъолияти пурсамар ҷиҳати густаришу таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки авруосиёии рушд» изҳори миннатдорӣ намуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти бонк, дар паём ба Финогенов барои саҳми шахсӣ ва мусоидат ба баргузории муваффақонаи мизи гирд оид ба ҳамкориҳо дар самти сармоягузорӣ миёни ҷонибҳо санаи 12-уми феврали соли равон изҳори миннатдорӣ шудааст.
«Вохӯрии шумо дар доираи мизи гирд бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боз як гувоҳи манфиатдории Тоҷикистон ба таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба аст», – зикр мегардад дар паём.
Дар идомаи нома М.Алимардон омодагии Тоҷикистонро «ба мусоидати ҳамаҷониба ҷиҳати рушди ҳамкориҳо бо мақсади ҳарчи бештар фаъолона амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ баҳри рушди иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ» изҳор доштааст.
Бонки авруосиёии рушд соли 2006 аз ҷониби Русияву Қазоқистон бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисоди бозаргонии кишварҳои узв, рушди устувори иқтисодии онҳо ва тавсеаи робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таъсис дода шудааст. Ҳаҷми сармояи оинномавии БАОР зиёда аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, Арманистону Белорус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русияву Тоҷикистон аъзои он мебошанд.


