Вазорати маориф шӯъбаи «Рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ»-и факултаи рӯзноманигории ДДМТ-ро барҳам дод

Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори Вазорати маорифи Тоҷикистон шӯъбаи «Рӯзноманигорӣ ва тарҷума»-и факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов хабар дод, ки бо қарори ҳукумат соли 2008 номгӯй ва соҳаҳои мутахассисони тайёрмекардаи макотиби олӣ мавриди санҷишу муҳокима қарор гирифт. […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 10-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори Вазорати маорифи Тоҷикистон шӯъбаи «Рӯзноманигорӣ ва тарҷума»-и факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон барҳам дода шуд.




Имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини аввали вазири маорифи ҷумҳурӣ Фарҳод Раҳимов хабар дод, ки бо қарори ҳукумат соли 2008 номгӯй ва соҳаҳои мутахассисони тайёрмекардаи макотиби олӣ мавриди санҷишу муҳокима қарор гирифт.



Номбурда дар шарҳи ин масъала чунин баён дошт: «Пас аз санҷишу таҳлил маълум шуд, ки барномаи омӯзишии рӯзноманигорон-тарҷумонҳо ба меъёрҳои раванди таълим ҷавобгӯ нестанд. Дар тӯли панҷ сол аз рӯи ду ихтисос наметавон маълумоти комил касб кард. Гузашта аз ин, бозори меҳнати кишвар ба чунин мутахассисон талаботи зиёде надорад».



Ф.Раҳимов афзуд, ки донишҷӯёне, ки қаблан ба ин шӯъба дохил шуда буданд, таҳсилро идома медиҳанд, вале танҳо соҳиби як касб – журналистӣ мешаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.