Эҳтимоли ба рақиби аҳзоби сиёсии мавҷуда табдил ёфтани «Тоҷикистони нав»

Дар робита ба изҳороти таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» дар ҷумҳурӣ сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов чунин иброз ақида намуд, ки бо назардошти эъломияи гурӯҳи ташаббускор, ин ҳизб аслан ба мушкилоти иқтисодии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард. «Шояд онҳо дар ба даст овардани овозҳои афроди қаблан ҷонибдори Ҳизби демократии Тоҷикистон ва қисмате аз раъйҳои сотсиал-демократҳо ва […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар робита ба изҳороти таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» дар ҷумҳурӣ сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов чунин иброз ақида намуд, ки бо назардошти эъломияи гурӯҳи ташаббускор, ин ҳизб аслан ба мушкилоти иқтисодии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад кард.

«Шояд онҳо дар ба даст овардани овозҳои афроди қаблан ҷонибдори Ҳизби демократии Тоҷикистон ва қисмате аз раъйҳои сотсиал-демократҳо ва синфи миёна талош варзида, агар бозии дасти дигарон шаванд, ҳамсони Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ хоҳанд буд», – иброз дошт вай.

Вакили парлумон аз ҲХДТ Суҳроб Шарифов дар ин робита зикр кард, ки низоми ҳизбӣ дар Тоҷикистон дар ҳоли ташаккул буда, боз даҳҳо ҳизбҳо рӯйи кор омадаву аз арсаи сиёсат нопадид мешаванд, ки раванди маъмулӣ аст.

«Ташаббускорони «Тоҷикистони нав», аз ҷумла Зайд Саидов таҷрибаи идоракунии давлатӣ дошта, тоҷири муваффақ, шахси босавод, ҷиддӣ ва дорои имконоти бузург аст ва аз ин лиҳоз, ман хоҳони дар Тоҷикистон мавҷуд будани аҳзоби дорои барномаҳои қавӣ, имконоти қавии кадрӣ, шахсияти қавии таъсиргузор ба ҷомеа мебошам, вале миёни аъзои ҳукумат будан, тоҷир будан ва сиёсатмадор шудан тафовути хеле бузург мавҷуд аст. Дар сиёсат маҳак, андоза ва  тамоилҳои комилан дигар амал мекунад. Масалан, дар Русия миллиардерон зиёданд, вале ҳеҷ кадоме аз онҳо ба сиёсат ҷиддӣ сарукор надоранд», – иброз дошт вай.

Вакил бар ин назар аст, ки барои низоми ҳизбии кишвар дар маҷмӯъ ин падидаи мусбат аст, ки ба арсаи сиёсат пой ниҳодани доираҳои ҷиддии таъсиргузор ва изҳороти онҳо дар бораи иштироки фаъол дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии кишварро таҷассум месозад.

«Ин рақобат аст, вале на чун дар тиҷорат. Дар сиёсат муборизаи шадиди асабҳову фишор ҷой дошта, ҳатто овозае ҳам метавонад ба нуфузу мавқеи ҳизб таъсиргузор бошад, аммо дар тиҷорат агар ту сармояи кофӣ дошта бошӣ, ҳамаро таҳти фишор қарор медиҳӣ», – афзуд Шарифов.

Ёдрас мекунем, ки Раиси Шӯрои ҳамоҳангсози Иттиҳоди анҷуманҳои тиҷоратии Тоҷикистон Зайд Саидов, муовини аввали раиси Шӯрои мазкур ва раиси Анҷумани миллии  менеҷерони Тоҷикистон Шавкат Бозоров, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов ва як зумра роҳбарони дигар иттиҳодияҳои тиҷоратии шомил ба Шӯрои ҳамоҳангсоз аз ташаббускорони таъсис додани ҳизби «Тоҷикистони нав» мебошанд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳадафи аслии таъсиси ҳизби нав даст ёфтан ба истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон аст. «Зарурати таъсиси ҳизб дар он ифода меёбад, ки имрӯз ҷомеаи тоҷикро як нобоварӣ ба оянда фаро гирифта, аксари қувваи корӣ ва нерӯи ақлонӣ Тоҷикистонро тарк мекунанд. Дар ин шароит ҷомеа ба афкору паём ва ташаббусу амалҳои тоза ниёз дошта, ҳизби «Тоҷикистони нав» ифодакунандаи ин ормонҳост», – гуфта мешавад дар эъломия.

Ташаббускорони ҳизби нав изҳор намуданд, ки «Тоҷикистони нав» як платформа барои муттаҳидсозии андешаву ғоя, шахсиятҳо ва имконот баҳри созандагии миллӣ буда, ҳизбро воқеъгароён, навоварон, технократҳо ва ҳирфаиён намояндагӣ хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.