Мусоидати ФБР ба ҷустуҷӯи духтарони бедаракшуда

ASIA-Plus


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико омода аст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи духтарони хурдсоли рӯзи 25-уми март дар шаҳри Душанбе бедаракшуда мусоидат намояд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ахири ҳафтаи гузашта зимни мулоқоти вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимов бо сафири ИМА дар ҶТ Сюзан Эллиот дар ин бора мувофиқа ҳосил шудааст.

«Дар мулоқот намояндагони тарафҳо вобаста ба масаъалаҳои муҳими рӯз, таъмини амният дар минтақа, алалхусус мубориза ба зидди терроризм ва экстремизи байналхалқӣ, қочоқи маводи мухаддир, яроқ ва хариду фурӯши одамон табодули афкор намуда, омодагии худро дар пайи пиёда сохтани ҳадафу мақсадҳои дар боло зикр гардида, изҳор намуданд», – зикр мегардад дар иттилои ВКД ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, сафир Эллиот Сюзан қайд намудааст, ки барои рушду инкишофи муносибатҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти ошкору пайгирӣ намудани гурӯҳҳои ҷинояткор, бахусус кофтукови беномунишон гумгаштагони ноболиғ Аралова Малика ва Аралова Сабина омода аст, намояндагони Бюрои федералии тафтишотиро (ФБР) аз Амрикоро, ки таҷрибаи бою ғанӣ доранд, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ, дар самти муайян намудани беномунишон гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта истифода бурда мешаванд, барои ёрии амалӣ расонидан, ба Тоҷикистон биёваранд.

Гуфта мешавад, инчунин дар таърихи 14.04.2013 сол, ҳангоми вохӯрии намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ бо мутахассисони сафорати Амрико ва зимни гуфтугӯи телефонӣ бо мутахассисони Бюрои федералии тафтишоти дар шаҳри Алмато, онҳо омодагии худро барои расонидани кӯмаки техникӣ ҷиҳати пайдо кардани беномунишон гумгаштагон ва шахсони дар кофтуков қарордошта, ба Вазорати корҳои дохилӣ изҳор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.